намо — I [نما] 1. асоси замони ҳозира аз намудан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои намоянда, нишондиҳанда ва ба назар намоянда, намуд, қисми зоҳирии чизе: раҳнамо, хушнамо, баднамо II [نما] нумув, рӯиш, афзоиш; ниг. нашъунамо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бозхонд — [بازخواند] исми феълӣ аз бозхондан; пас даъват карда гирифтан, ҷеғ зада гирифтан (фиристода, гумошта ё интихобкардаи худро): бозхонди намоянда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вакил — [وکيل] а 1. он ки иҷрои коре аз тарафи касе, муассиса ё ҷамъияте ба ӯ супурда шудааст, намоянда; гумошта, фиристода: вакили анҷуман, вакили мӯътамад, ҳайати вакилони ҳукуматӣ; вакили мухтор таър. намояндаи соҳибихтиёри давлати марказӣ дар вилояте … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ваколатдор — [وکالت دار] вакил, намоянда, вакилшуда; мақомоти ваколатдор созмон ва идораҳои дорои ҳуқуқи дахолат ба коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вофид — [وافد] а. кит. намоянда, вакил, фиристода … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
генофонд — [گنافاند] ю. биол. сириштмоя, муҳандисии генӣ, бахши беҳтарин ва хушзоти чизе; генофонди миллат сириштмояи миллат, беҳтарин намояндаҳои миллат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маслиҳатӣ — [مصلحتي] 1. мансуб ба маслиҳат 2. дорои ҳуқуқи иштирок кардан дар муҳокимаҳо (бидуни ҳаққи раъйдиҳӣ): намоянда бо раъйи маслиҳатӣ, овоз (ё раъй) и маслиҳатӣ доштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
намояндагӣ — [نمايندگي] 1. намоянда будан, ваколат 2. ваколатхона; намояндагии тиҷоратӣ дар назди сафорати Тоҷикистон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фарохонд — [فراخواند] ба ҳузур талабидан, касеро ба куҷое даъват кардан, бозпас хондан: фарохонди намоянда; фарохонди сафир … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ